Норӯшании нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40544-Норӯшании_нархи_симкорти_телефони_ҳамроҳ_дар_Тоҷикистон
Таъйини нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон ба авоили соли 2019 вогузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 29, 2018 16:54 Asia/Dushanbe
  • Норӯшании нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон

Таъйини нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон ба авоили соли 2019 вогузор шуд.

Ба гузориши сойти Tajweek, коргуруҳи вижаи таъйини нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар ин бора гирифта нашудааст ва нархи симкорт, авоили соли ҷадиди 2019 мушаххас хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки то поёни соли 2018 ду рӯз бештар боқи намондааст, таклифи нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон эълом нашуда ва ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ мунтазири тасмими ин коргурӯҳ ҳастанд.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки то поён имсол нархи симкортҳои телефони ҳамроҳ дар ин кишвар мушахас шавад.

Тобистони имсол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тарҳи афзоиши ҳазинаи фурӯши ҳар адад симкорт аз 5 ба 250 сомониро ироа кард, ки бо эътирози шадиди мардум рӯбарӯ шуд ва Эмомалӣ Раҳмон иҷрои ин пешниҳодро то авоили сол 2019 мамнуъ кард.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мӯътақиданд, афзоиши нархи фурӯши симкорт метавонад аз таъвизи сареи он ва истифодаи террористҳо аз чанд симкорт, ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҳаддиақали ҳуқуқи моҳиёнаи бознишастагӣ 246 сомонӣ аст, корбарони фазои маҷозӣ фурӯши як адад симкортро ба нархи 250 сомонӣ ба шиддат зери савол бурданд.