Барномаи гурӯҳҳои сиёсӣ барои дифоъ аз ҳиҷоби бонувон дар Тоҷикистон+видео
(last modified Sun, 30 Dec 2018 06:57:19 GMT )
Декабр 30, 2018 11:57 Asia/Dushanbe

Ҳизб ва гурӯҳҳои сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон ва фаъолони ҷамъиятӣ бо роҳандозии барномаи "Бетараф набошед" ба дифоъ аз пӯшиши исломии бонувон ва мухолифат бо тарҳи мамнӯъияти вуруди занон ва духтарони боҳиҷоб ба идораҳои ҳукуматӣ ва хусусӣ бархостаанд.

Ин гурӯҳҳо бо интишори наворҳои зиёди видеоӣ зери унвони "Бетараф набошед" бо забонҳои мухталиф дар Фейсбук ва дигар шабкаҳои иҷтимоӣ бар зарурати дифоъ аз ҳиҷоби занони мусулмон ва мухолифат бо тарҳи ниҳодҳои ҳукуматӣ бинобар мамнӯъияти вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба идораҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Гуфта мешавад, ки то ба ҳол беш аз 100 видео барои дифоъ аз ҳуқуқи бонувони мусулмони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст.

Ин иқдомот дар вокуниш ба тасмими мақомоти Тоҷикистон бинобар тадвини қонуни вижае барои мамнӯъияти вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба идораҳо ва марказҳои давлатӣ ва хусусии ин кишвар сурат мегирад.

Дар сурати тасвиби чунин қонуне ин нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон аст, ки ҳиҷоби занон дар марказҳои давлатӣ ва хусусӣ мамнӯъ мешавад ва ҳатто дар даврони Шӯравӣ чунин мамнӯъите собиқа надорад.

Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар бо таъсиси коргурӯҳи вижа дар ҳоли омодасозии асноди ҳуқуқии ин тарҳ ва ироаи он ба маҷлиси намояндагон аст.

Ин дар ҳоле аст, ки то кунун дар Тоҷикистон маҳдудиятҳо дар заминаи вуруди бонувони боҳиҷоб ба идораҳои давлатӣ ва марказҳои омӯзишӣ дар ҳадди огоҳӣ ва ҷаримаи молӣ будааст.

Гуфта мешавад, ки мубтакири таҳияи ин қонун, Кумитаи давлатии умури бонувон ва хонаводаи Тоҷикистон аст, ки қаблан бо ирсоли дархосте ба додситонии кулли ин кишвар зарурати таҳияи асноди ҳуқуқӣ барои мамнӯъияти вуруди бонувони боҳиҷоб ба идораҳои давлатиро матраҳ карда буд.

Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон дар 5 соли охир бонувони мусулмони ин кишварро барои тарки пӯшиши исломӣ таҳти фишор қарор додаанд.

Ин тарҳ ибтидо аз маҳдудияти ҳиҷоб дар донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ оғоз шуд.

 

Пӯшиши занони тоҷик "дастурӣ" мешавад?

Талоши давлати Тоҷикистон барои тағйири пӯшиши 8 ҳазор бонуи боҳиҷоб дар Душанбе

Вокунишҳо ба изҳороти вазири фарҳанги Тоҷикистон дар мавриди пушиши занон