Чаро саудиҳо дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд?
Арабистони Саудӣ дар се соли ахир талош кардааст, то аз роҳи кумак ва сармоягузориҳои иқтисодӣ, ба аҳдофи сиёсии худ дар Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистон даст ёбад.
Ба нақл аз Ирно, Арабистони Саудӣ дар солҳои ахир барои ҷалби ҳимояти мақомоти тоҷик аз сиёсатҳои Риёз дар минтақа талоши бисёре кардааст ва дар ҷиҳати ҳамроҳ сохтани Тоҷикистон бо эътилофи арабӣ кумакҳои бисёреро дар дастури кори худ қарор додааст.
Аҳмад Оли Байс, намояндаи подшоҳи Арабистони Саудӣ, ки ахиран барои имзои тавофуқномаи эътои кумакҳои фаннии сандуқи подшоҳии Арабистон ба Душанбе омада буд, иддао кард, кумакҳои кишвараш ба Тоҷикистон бо ангезаи сиёсӣ ва мазҳабӣ анҷом намешавад ва ин табиати ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Таҳлилгарон мегӯянд, кумакҳои молии Саудӣ ба Душанбе аз 2015 замоне зиёд шуд, ки ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ба хотири бархе масоил дучори сӯитафоҳум шуданд ва ҳукумати Саудӣ аз ин мавқеият сӯиистифода кард.
Талоши Арабистон барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ ва ба вижа Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки фарҳанги Тоҷикистон ҳамхонии чандоне бо фарҳанги Арабистон надорад, зеро фарҳанг ва тамаддуни ин кишвари Осиёи Марказӣ бар зербинои густарда тар фарҳанг ва тамаддуни эронӣ бино ниҳода шудааст.
Ҳамчунин давлати Арабистон дар расонаҳо таззоди манофеи худ бо Эрон дар Тоҷикистонро барҷаста кардааст ва ошкоро аз талоши Риёз барои камранг кардани ҳузури Эрон дар Тоҷикистон сухан мегӯяд.
Бо ин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, агарчи Тоҷикистон бо пиёда кардани сиёсати дарҳои боз, Арабистони Саудиро ҳамчун як дӯсти ҷадид дар Ховари Миёна ба ҳисоб овардааст, вале ин ба маънои он нест, ки аз дӯстии амиқ ва самимонаи худ бо Эрони ҳамфарҳанг ва ҳамзабон даст бардорад.