Имзои фармони эъломи номгузории солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард.
Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармонро дар бораи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021 ба имзо расонд.
Дар фармон гуфта шудааст, ки мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:
“Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд”, - навишта шудааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин дар фармони мазкур гуфта шудааст, ки дастгоҳи иҷроияи президент ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.