Камбуди доллар дар Тоҷикистон бо оғози соли нави мелодӣ
(last modified Sat, 05 Jan 2019 07:34:55 GMT )
Январ 05, 2019 12:34 Asia/Dushanbe
  • Камбуди доллар дар Тоҷикистон бо оғози соли нави мелодӣ

Камбуди доллар бо оғози соли нави мелодӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон муҷиби нигаронии бозаргонони ин кишвар шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сайти ТОП Тҷ, акнун танҳо дар “Казкоммертсбанк” дар шаҳри Душанбе ва “Спитаменбонк” метавон ба миқдори маҳдуде доллар таҳия кард ва дигар бонкҳои тиҷорӣ танҳо ба хариди арз машғул ҳастанд.

Аммо ин ин ду бонк низ танҳо 200 доллар барои ҳар муштарӣ тайи як ҳафта вогузор мекунанд ва дигар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки чун коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия даромади худро ба рубл ирсол мекунанд, имкони таҳияи доллар вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ, камбуди доллар боиси равнақи бозори сиёҳ ва арзаи ҳар доллар ба қимати 9 сомониву 80 дирам шуда, дар ҳоле ки дар бонкҳои тиҷорӣ арзиши ҳар доллар 9 сомониву 45 дирам муқаррар шудааст.

Аммо Солеҳ Ҳамидов, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки далели аслии камбуди доллар дар Тоҷикистон манфӣ будани тарози тиҷорати хориҷии ин кишвар аст, ки имкони вуруди арз ба ин ҷумҳуриро намедиҳад. Зеро бар асоси омори соли 2018 тарози тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 2 миллиард доллар ба нафъи воридот буда, ки заминаи вуруди арз ба ин кишварро аз байн мебарад.

Аз ин рӯ, ба далели номутавозин будани содироту воридоти коло дар Тоҷикстон, ки воридот бештар аст, аз хориҷи кишвар арзи камтаре ворид мешавад, ки ин амр муҷиби ошуфтагӣ дар бозори муомилоти арзии ин кишвар мешавад.

Бештари коршиносон бар ин боваранд, боло рафтани арзиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон таҳти таъсири таҳримҳои нави Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия қарор дорад, ки боиси уфти арзиши рубли русӣ низ шудааст.

Ба далели ин навасонот, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия низ маҷбур мешаванд аз хариди доллар худдорӣ ва даромади худро ба рубл ба Тоҷикистон ирсол кунанд.

матолиби муртабит:

Ироаи роҳкори ҳифзи арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз сӯйи як коршинос

Нобасомонӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон ва идомаи афзоиши арзиши доллар

 

Барчасп