Апрел 06, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коҳиши рушди иқтисодӣ ва афзоиши таваррум дар соли 2022 дар Тоҷикистон
    Пешбинии коҳиши рушди иқтисодӣ ва афзоиши таваррум дар соли 2022 дар Тоҷикистон

Муъовини намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Дашанбе аз коҳиши рушди иқтисодӣ ва афзоиши таваррум дар Тоҷикисон дар пайи буҳрони Украина дар соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузори радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Родора Консепсион гуфта аст, ки дар соли ҷорӣ рушди иқтисодии Тоҷикистон ба 2 дарсад хоҳар расид.

Вай таъкид карда аст, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон низ ба 15 дарсад мерасад.

Коршиносони Бонки Рушди Осиё муътақиданд, ки буҳрони Украина сабаби вуруди осеби ҷидди ба иқтисоди Русия хоҳад шуд, ки ба коҳиши рушди иқтисодӣ ва афозиши таваррум дар Тоҷикистон таъсири мустақим хоҳад гузошт.

Омили дигари коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 афзоиши нархи сухти воридотӣ аз Русия ва Қазоқистон хоҳад буд, ки дар соли 2023 бо пушти сар гузоштани паёмадҳои буҳрони Украина рушди иқтисоди Тоҷикистон ба 3 дарсад хоҳад расид.

 

Барчасп