Январ 09, 2019 11:30 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон 128 миллион доллар аз қарзи хориҷиашро мепардозад

Вазорати молияи Тоҷикистон аз ихтисоси як миллиарду 212 миллион сомонӣ (муодили 128 миллиону 400 ҳазор доллар) барои бозпардохти қарзи хориҷии ин кишвар дар соли 2019 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, ин дар ҳоле аст, ки барои бозпардохти қарзи хориҷии ин кишвар дар соли 2018 наздик ба 200 миллион доллар ихтисос ёфта буд.

Бар асоси гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2018 қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ду миллиарду 893 миллион доллар расид, ки як миллиарду 200 миллион доллари он мутааллиқ ба Бонки содирот ва воридоти кишвари Чин аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, ба Бонки Рушди Осиё 235 миллион доллар ва ба Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.

Тоҷикистон ба Сандуқи Рушди Арабистони Саудӣ, Бунёди Рушди Кувайт, Сандуқи зиддибуҳрони Бонки АвруОсиё, Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо, Фаронса ва Олмон низ қарздор аст.

Аз суйи дигар, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон эҳтимол медиҳанд, ки то поёни имсол қарзи хориҷии ин кишвар 235 миллион доллар афзоиш ёбад ва дар маҷмуъ ба беш аз 3 миллиарду 108 миллион доллар бирасад.

Пешбинӣ мешавад, ки дар авохири соли 2020 ин мизон қарз ба 3 миллиарду 327 миллион доллар ва  дар соли 2021 ба 3 миллиарду 441 миллион доллар афзоиш ёбад.

 

 

Барчасп