Расонаҳои Русия: як ҳаводори футбол ба дасти муҳоҷирони тоҷик кушта шуд
Расонаҳои Русия бо истиноди гузориши манобеъи интизомии ин кишвар муддаъӣ шуданд дар даргирии ҳаводорони футбол ва гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Сант-Петербург як ҳаводори тими футболи "Зенит" кушта шудааст.
Нашрияи Невские новостӣ навишт дар даргирие, ки шаби панҷум ба шашуми январ миёни чанд ҷавони ҳаводори футбол ва як ронандаи таксии муҳоҷири тоҷик рух дод, яке аз ин ҳаводорони футбол бо номи Никита ҷон бохтааст.
Ин манбаъи хабарии русӣ, иддао кард ронандаи таксии тоҷикистонӣ аз ҳамшаҳриҳои худ кумак гирифтааст ва ҳамаи онҳо маҷмуъан омили қатли ҳаводори 32 солаи тими футболи "Зенит"-и Сант-Петербург ҳастанд.
Нуктаи ҷолиби моҷаро таъхири манобеъи русӣ дар иттилоърасонӣ аз марги ҳаводори ёдшудаи футбол аст.
Сант-Петербург пас аз Маскав дуввумин шаҳри муҳоҷирпазири Русия аст.
Дар атрофи ин шаҳр таи солҳои истиқрори муҳоҷирон чандин нафар аз шаҳрвандони тоҷик кушта шудаанд, ки ағлаби ин қатлҳо шиносоӣ ё муҷозот нашудаанд.
Аз ҷумлаи пурсару садотарини ин ҳодисаҳо Хуршеда Султоноваи 9 сола ва Бахтиёр Расулови 31 сола буд.