Арзёбии манфии дидабони ҳуқуқи башар аз вазъияти Тоҷикистон
(last modified Fri, 18 Jan 2019 16:31:40 GMT )
Январ 18, 2019 21:31 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии манфии дидабони ҳуқуқи башар аз вазъияти Тоҷикистон

Созмони байналмилалии дидабони ҳуқуқи башар дар гузориши солонаи худ аз вазъияти Тоҷикистон арзёбии манфӣ ва интиқод кардааст.

Ин созмони байналмилалӣ муддаӣ аст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2018 бадтар шудааст.

Ин гузориш меафзояд, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон тоби шунидани нармтарин интиқодро ҳам надоранд ва бо мунтақидон ва мухолифони сиёсии худ ва пайвандони онҳо бархурдҳои шадид доранд.

Созмони байналмилалии дидабони ҳуқуқи башар ба мавридҳое аз саркӯби мухолифон дар Тоҷикистон ишора намуда ва эълом кардааст, ки ҳамакнун 150 нафар зиндонии сиёсӣ дар ин кишвар вуҷуд дорад.

Ҳамзамон бо интиқодҳо аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, баъзе аз иқдомоти мусбати ҳукумат низ гузориш шуда, ки озодии рӯзноманигори мунтақид Хайрулло Мирсаидов ва иҷозаи хуруҷи бастагони ду фаъоли мухолифи сокини Аврупо аз Тоҷикистон аз ҷумлаи ин иқдомот аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳануз ба гузориши солонаи Созмони байналмилалии дидабони ҳуқуқи башар расман вокуниш нишон надода, аммо дар гузашта гузоришҳои мушобеҳро рад кардааст.