Январ 19, 2019 21:51 Asia/Dushanbe
  • Боздошти густурдаи коргарони тоҷик дар вилояти Челябински Русия

Пас аз ҳодисаи инфиҷор ва тахриби манзили маскунии 10 табақа дар шаҳри Магнитогорск, манобеи созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин вилоят, аз боздошти густурдаи коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак аз сӯи нерӯҳои пулис хабар додаанд.

Ба гузориши Топ Тҷ, ахиран нерӯҳои пулис ин минтақа бо вуруд ба маҳалли кор ва иқомати коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ иқдом ба интиқоли онон ба идороти пулис ва баррасии аснод ва мадорики ин афрод кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом пас аз он ташдид шуд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишор паёме, масъулияти инфиҷор ва тахриби манзили маскунии 10 табақа дар шаҳри Магнитогорскро бар ӯҳда гирифт, ки мақомоти амниятии Русия ин иддаоро рад карданд.

Бо вуҷуди радди иртиботи ин ҳодиса бо гурӯҳи ДИИШ аз сӯи мақомоти амниятии Русия, акнун нерӯҳои пулиси вилояти Челябинск ба баҳонаи баррасии ҳузури муҷоз ё ғайримуҷози коргарони муҳоҷир хориҷӣ иқдом ба боздошти ин афрод мекунанд.

Бар ин асос, теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки муддати иқомати онон ба поён расидааст бо хатари ихроҷ аз Русия рӯбарӯ мебошанд.

Бар асоси гузориши созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, беш аз 100 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар қаламрави вилояти Челябинск, ки минтақаи умдатан санъатии Русия аст, фаъолият мекунанд.

Мақомоти Русия эълом карданд, шумори қурбониёни инфиҷори манзили маскунии 10 табақа дар шаҳри Магнитогорск, ки 31 декабри 2018 ба иллати инфиҷори газ рух дод, ба 39 нафар расидааст ва як модари тоҷик ва 3 фарзанди вай низ дар ин ҳодиса, ҷони худро аздаст доданд.