Ҳушдори як коршиноси иқтисодӣ дар бораи вобастагии Душанбе ба Пекин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41305-Ҳушдори_як_коршиноси_иқтисодӣ_дар_бораи_вобастагии_Душанбе_ба_Пекин
Коршинос ва пажӯҳишгари масоили иқтисодӣ дар бораи вобастагии Тоҷикистон ба Чин ҳушдор дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 29, 2019 12:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори як коршиноси иқтисодӣ дар бораи вобастагии Душанбе ба Пекин

Коршинос ва пажӯҳишгари масоили иқтисодӣ дар бораи вобастагии Тоҷикистон ба Чин ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Мурод Лоумулин, коршиноси қазоқ бо интишори матлабе дар сойти Маркази илмии байналмилалии "Остона" навишт, нозирон муътақиданд, Тоҷикистон ба далели қарзҳояш аз Чин ба вобастагии ин кишвар расида ва ин мумкин аст, ба қимати аз даст додани эътибори ҳокимияти ин ҷумҳурӣ тамом шавад. Лоумулин меафзояд, Чин барои Тоҷикистон қарзҳое бо шароити матлуб ва барои як давраи тӯлонии 20-сола ё бештар фароҳам ва дар иваз имтиёзи истихроҷи маодинро дар шароити болотар ва матлубтар дарёфт мекунад.

Чин то кунун бо эътои 1,2 миллиард доллар қарз ба Тоҷикистон бузургтарин талабкори молии Тоҷикистон ба шумор меравад ва беш аз ниме аз кулли қарзҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба ин кишвар аст.

Ба навиштаи ин пажуҳишгари иқтисодӣ, мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳақиқатро пинҳон намекунанд, ки Пекинро шарики иқтисодии судовартаре нисбат ба Маскав медонанд, аз ин рӯ, Чин нисбат ба Федератсияи Русия дастрасии бештаре ба манобеи маъдани Тоҷикистон дорад. Ба гуфтаи Лоумулин, дар шаш соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои Чин дар иқтисоди Тоҷикистон ба 500 миллион доллар расида, ки дар миёни сармоягузориҳои муштараки ширкати чинӣ-тоҷикӣ истихроҷи маъдани тилои "Зарафшон" аз муҳимтарини онҳост. Ин коршиноси иқтисодӣ бо ишора ба сармоягузориҳои густурдаи Чин дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон аз бахши кишоварзӣ то энержӣ афзуд, ин раванд таъсири Чин бар иқтисоди ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро афзоиш дода ва ин дар ҳолест, ки густариши нуфузи иқтисодӣ нуфузи сиёсии Чин дар Тоҷикистонро низ тақвият мекунад.