Баста шудани 56 масҷид дар соли 2018 дар Тоҷикистон
Дар соли 2018 –и мелодӣ 56 масҷид дар Тоҷикистон баста шудааст.
Ба гузориши Азия плюс, ин масҷидҳо дар қаламрави ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон фаъолият мекарданд.
Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Исфара имрӯз зимни конфронси матбуотӣ эълом кард, ки масҷидҳои таътилшуда бидуни асноди расмӣ буда ё меъёрҳои беҳдоштии мавриди назарро надоштаанд.
Саломзода афзуд, масҷидҳои ёдшуда ба кӯдакистон, маркази дармону беҳдошт ва марказҳои фарҳангӣ тағйири корбарӣ дода шуданд.
Мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли қабл раванди таътилии масоҷиди ба иддаои онҳо ғайристандартро дар дастури кор қарор додаанд.
Ин мавзуъ бо норизоиятии мардуми мусалмони Тоҷикистон, ки 98 дарсади ҷамъияти 9 миллионии ин кишварро ташкил медиҳанд, мувоҷеҳ шудааст. Чунончӣ ба гузориши сомонаи Ахбор, ахиран Исмоил Зарифӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик зимни интиқод аз баста шудани масоҷид гуфт, ки ин иқдом мқҷиби озору азияти мусалмонон шудааст ва бояд ислоҳ шавад.