Январ 30, 2019 19:30 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ва Тоҷикистон амнтарин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ

Маҷаллаи Global Financing дар гузориши солонаи худ бо рутбабандии кишварҳои ҷаҳон дар заминаи сатҳи амнияти кишварҳо Қазоқистон ва Тоҷикистонро ба тартиб амнтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард.

Ба нақл аз Тасним, дар ин гузориш, ки бар мабнои шохисҳое назир риски балоёи табиӣ, ҷурму ҷиноят, терроризм ва ҷанг таҳия мешавад, Қазоқистон бо касби имтиёзи 9.50 ва рутба 44 ҷаҳон амнтарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аст.

Пас аз Остона, Тоҷикистон ба лиҳози авзои амнияти бо имтиёзи 10.48 дар радаи 68 ҷаҳон ва дувуми Осиёи Марказӣ қарор гирифтааст.

Қирғизистон бо касби шохиси 11.43 радаи 89 ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

Дар ин гузориш додаҳои марбут ба Туркманистон ва Узбакистон сабт нашудааст.

Дар ин рутбабандӣ Русия низ ҷузъи ноамнтарин кишварҳои Евразия ва дар ҷойгоҳи 108 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Украина дар рутбаи 116 ҷойгоҳи ба маротиб бадтаре доштааст. Муноқишоти дохилии Украина ва боло будани омори ҷурму ҷиноят дар Русия ҷойгоҳи ин кишварҳоро дар ин радабандӣ коҳиш додааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо рутбаи 65, поинтар аз Қазоқистон ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ қарор гирифтааст.

 

Барчасп