Сафари қарибулвуқӯи Лавров ба Тоҷикистон
Қарор аст вазири умури хориҷаи Русия рӯзҳои якшанбе ва душанбе (севум ва чаҳоруми феврал) ба таври расмӣ ба Тоҷикистон сафар кунад.
Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз Азия Плюс, рӯзи 4 феврал Сергей Лавров дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ мекунад.
Аз дигар барномаҳои сафари расмии вазири хориҷаи Русия, дидор ва музокира бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон аст.
Дар ҷараёни дидору гуфтугӯҳои Лавров бо мақомоти аршади Тоҷикистон, масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар ва сиёсати хориҷӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалие монанди СММ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Ҷомеаи Ҳамсуд, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Рафтуомади мақомоти Русия ва Тоҷикистон ба кишварҳои якдигар пас аз интишори хабарҳое дар бораи ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон, бо созмондеҳии Амрико рӯ ба афзоиш ниҳодааст.