Абдуллоев: Донишомӯзонро набояд иҷборӣ бима кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41424-Абдуллоев_Донишомӯзонро_набояд_иҷборӣ_бима_кард
Муовин аввали «Тоҷиксуғурта» (бимаи тоҷик) гуфт: Бима кардани донишомӯзон танҳо бо ризояти волидайни онҳо анҷом мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 03, 2019 07:28 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоев: Донишомӯзонро набояд иҷборӣ бима кард

Муовин аввали «Тоҷиксуғурта» (бимаи тоҷик) гуфт: Бима кардани донишомӯзон танҳо бо ризояти волидайни онҳо анҷом мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, Абдуллоҳ Абдуллоев дар нишасти хабарӣ дар Душанбе тасреҳ кард: Масъулони «Тоҷиксуғурта» ба мудирони мактабҳо барои бима кардани донишомӯзон тарҳеро пешниҳод мекунанд ва мудирияти мактабҳо бояд волидайни донишомӯзонро аз ин тарҳ огоҳ кунанд ва дар сурати ризояти волидайн, фарзандонашон бима мешаванд.

Вай таъкид кард: Агарчи бима кардани донишомӯзон ба нафъи онҳо аст, вале касе ҳақ надорад бимаро иҷборӣ кунад.

Бояд гуфт, соли 2018 «Тоҷиксуғурта» бо 742 ҳазору 470 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ қарордоди бима имзо карда, ки аз ин теъдод 54 ҳазору 994 шартномаи бима ҳатмӣ ва 687 ҳазору 476 шартнома ихтиёрӣ аст.

Дар Тоҷикистон 22 намунаи бима вуҷуд дорад, ки аз ин теъдод 13 маврид ҳатмӣ ва бақияи ихтиёрӣ аст.