Интиқоди тунди Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41517-Интиқоди_тунди_Амрико_аз_вазъи_ҳуқуқи_башар_дар_Тоҷикистон
Як созмони мудофеи ҳуқуқи башари вобаста ба ҳукумати Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба шиддат интиқод кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 06, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди тунди Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Як созмони мудофеи ҳуқуқи башари вобаста ба ҳукумати Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба шиддат интиқод кард.

Созмони “Хонаи озодӣ”, ки аз сӯйи давлати Амрико таъмини молӣ мешавад, дар тозатарин арзёбии худ аз вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, Тоҷикистонро вориди феҳристи “бадтарини бадтаринҳо” кардааст.

Дар ин феҳрист Тоҷикистон дар канори Кореяи Шимолӣ ва кишварҳои ҷангзадае чун Сурия, Судони Ҷанубӣ ва Либия қарор гирифтааст.

Дар гузориши “Хонаи озодӣ” омадааст, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар онҳо дар 13 соли гузашта ба таври паёпай сатҳи ҳуқуқи башар коҳиш ёфтааст.

Дар вокуниш ба ин арзёбии созмони амрикоӣ, Сайфуллоҳ Сафаров, коршиноси сиёсии наздик ба Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки агарчӣ бархе мушкилот дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале ин гузориш қобили пазириш нест.

Сайфуллоҳ Сафаров изҳор доштааст, ки мо наметавонем фаврӣ ба як кишвари пешрафтаи демократӣ табдил шавем.

Пеш аз ин низ Вазорати хориҷаи Амрико ва бархе дигар аз созмонҳои амрикоӣ ва ғарбӣ аз вазъи озодиҳои фардӣ ва динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон интиқод карда буданд.