Афзоиши 2 дарсадии ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2018
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41564-Афзоиши_2_дарсадии_ҷамъияти_Тоҷикистон_дар_соли_2018
Созмони бимаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагии (Тоҷиксуғурта) Тоҷикистон дар гузорише аз рушди 2-дарсадии ҷамъияти ин кишвар дар соли гузашта хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 08, 2019 15:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2 дарсадии ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2018

Созмони бимаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагии (Тоҷиксуғурта) Тоҷикистон дар гузорише аз рушди 2-дарсадии ҷамъияти ин кишвар дар соли гузашта хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бино бар ин гузориш дар 28 соли ахир, ҷамъияти Тоҷикистон 3.7 миллион нафар афзоиш ёфта ва аз 5 миллиону 400 ҳазор нафар дар соли 1990 ба 9 миллион 100 ҳазор нафар расидааст.

Тибқи пешбиниҳо, ҷамъияти ин кишвар то соли 2023 ба 10 миллион нафар мерасад.

Миёнгини умед ба зиндагӣ дар Тоҷикистон ҳамакнун 75 сол аст.

Бар ин асос ҳамчунин тавлиди нохолиси дохилии сарона дар Тоҷикистон дар як соли ахири ҳудуди 725 сомонӣ (77 доллар) афзоиш ёфтааст.

Созмони бима ва ҳуқуқи бознишастагии Тоҷикистон эълом кард: Ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар поёни соли 2018 мелодӣ 68 миллиарду 844 сомонӣ (7.3 миллиард доллар) баровард шудааст.

Дастмузди миёнгин дар Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 1.2 ҳазор сомонӣ (127 доллар) ва ҳуқуқи ҳадди ақал дар ин кишвар 400 сомонӣ (42 доллар) баровард шудааст.

Созмони бима ва ҳуқуқи бознишастагии Тоҷикистон солона додаҳои рушди ҷамъият, умед ба зиндагӣ ва масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши сатҳ ва кайфияти зиндагӣ дар ин кишварро таҷзия ва гузориши муртабитро мунташир мекунад.