Шаҳри Нораки Тоҷикистон мизбони Наврӯзи ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41568-Шаҳри_Нораки_Тоҷикистон_мизбони_Наврӯзи_ҷаҳонӣ
Шаҳри Норак дар маркази Тоҷикистон имсол мизбони маросими байналамилалии Наврӯз хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 08, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Нораки Тоҷикистон мизбони Наврӯзи ҷаҳонӣ

Шаҳри Норак дар маркази Тоҷикистон имсол мизбони маросими байналамилалии Наврӯз хоҳад буд.

Шоир ва рӯзноманигори ҷавони тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур бо нашри матлабе дар нашрияи “Ҷумҳурият”, чоп Душанбе навиштааст, ки мақомот ва мардуми ин шаҳр аз ҳамакнун дар интизори пазироӣ аз меҳмонони дохилӣ ва хориҷии ин маросими бошукӯҳ ҳастанд.

Ҳамасола яке аз манотиқи Тоҷикистон ба унвони мизбони аслии ҷашни Наврӯзи бостонӣ интихоб мешавад.

Норак маҳали яке аз бузургтарин садҳо ва неругоҳҳои барқи обии минтақаи Осиёи Марказӣ аст.