Ҳушдори Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи афзоиши сармо
Феврал 13, 2019 11:34 Asia/Dushanbe
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон аз коҳиши дараҷаи ҳаво ва бориши барфу борон то 14 феврал дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон эълом кард, бориши борону барф дар Хатлон ва навоҳии атрофи он шадид хоҳад буд.
Ҳамчунин рӯзҳои 13 то 16 феврал дар навоҳии кӯҳистонӣ, кӯҳпояҳои Ҳисор ва навоҳии ғарбии вилояти Бадахшон хатари резиши тарма ё баҳман бисёр зиёд аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз мардум хостааст, ки то ҳадди имкон аз сафар дар масирҳои кӯҳистонӣ худдори кунанд.
Ба сокинони навоҳии кӯҳистонӣ низ тавсия шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба чарогоҳҳо, шикор, ҷамъоварии ҳезум ва моҳигирӣ худдорӣ кунанд.