Феврал 14, 2019 13:59 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани корманди ширкати IRS бар асари тармафароӣ

Бар асари зери тарма мондани як техникаи барфии ширкати IRS дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ронандаи 63-сола Туғён Умаров ба ҳалокат расид.

Ба нақл аз манобеи хабарии тоҷикӣ, ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) аз ҳалокати як корманди ширкат дар пайи тармарезӣ хабар дод.

Ҳодиса дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ  рух додааст.

Ҷасади Туғён Умаровро аз қаъри дара берун кашида, барои гӯручӯб ба маҳалли зисташ – деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб интиқол додаанд.

Давоми фаъолияти 10-солаи ширкат 9 корманди он зери тарма мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз субҳи дирӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 —уми роҳи мошингарди Душанбе—Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шудааст. Дар роҳи мазкур фаромадини чандин тармаҳои калонҳаҷм ба қайд гирифта шудааст.