Феврал 17, 2019 09:24 Asia/Dushanbe
  • 226 миллион доллар барои идомаи сохти Роғун дар соли 2019

Мақомоти вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз будҷаи давлати ин кишвар барои идомаи сохти неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2019 хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик-ТА, ин маблағ бидуни ба ҳисоб гирифтани фурӯши эҳтимолии бахши дигаре аз саҳмияҳои молии ин неругоҳ дар бозорҳои байналмилалӣ аст, ки дар соли 2017 ба 500 миллион доллар расида буд.

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки турбинаи дувуми ин неругоҳро моҳи апрели соли 2019 ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Турбинаи нахусти неругоҳи барқи обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид.

Неругоҳи Роғун бо сади хокии 335-метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт-соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи неругоҳи барқи обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон натанҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

 

Барчасп