Мухолифати додгоҳи Душанбе бо дархости таҷдиди назари ҳукми ронандаи муқассир дар марги рӯзноманигор
(last modified 2019-02-19T06:13:19+00:00 )
Феврал 19, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати додгоҳи Душанбе бо дархости таҷдиди назари ҳукми ронандаи муқассир дар марги рӯзноманигор

Додгоҳи шаҳри Душанбе дархости таҷдиди назари ҳукми ронандаи муқассир дар марги рӯзноманигор Галим Фасхуддиновро рад кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ вик”, Далер Қурбонов, вакили мудофеи Галим Фасхуддинов гуфтааст, ки додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми маҳкумият ва пардохти хисороти ворида ба хонаводаи мақтул тавассути Бахтиёр Халифаев, ронандаи муқассир дар марги вайро таъйид кард. Бар асоси ин ҳукм, Бахтиёр Халифов илова бар се солу се моҳ маҳкумият ба зиндон бояд ба хонаводаи рӯзноманигор Галам Фасхуддинов маблағи 40 ҳазор сомонӣ пардохт кунад. Ҳамчунин вай муваззаф шудааст, ки ҳар моҳ барои ду кӯдаки Фасхуддинов маблағи 500 сомонӣ пардохт кунад.

Галим Фасхуддинов рӯзи 30 январи соли 2018 ҳангоми убур аз чароғи сабз бо мошини боркаше, ки Бахтиёр Халифаев ронандаи он буд, зер гирифта шуд ва дар бемористон ҷони худро аз даст дод. Ӯ 44 сол дошт ва хабарнигори “Садои Русия” буд, ки акнун ҳамсар ва ду кӯдаки ноболиғаш дархости пардохти хисоратро доранд. Аммо Бахтиёр Халифаев, ронандаи муққасир дар марги рӯзноманигор Галим Фасхуддинов, ки дар зиндон давраи маҳкумияти худро мегузаронад, эълом кардааст, тавони пардохти хисороти молӣ ба хонаводаи мақтулро, ки додгоҳ мушаххас кардааст, надорад.