Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ бозсозии роҳи Бохтар - Кӯлобро баррасӣ карданд
(last modified Wed, 20 Feb 2019 05:20:11 GMT )
Феврал 20, 2019 10:20 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ бозсозии роҳи Бохтар - Кӯлобро баррасӣ карданд

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе мавзӯи сармоягузорӣ барои бозсозии роҳи Бохтар- Кӯлоб дар ҷануби ин кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷик ТА, арзиши молии ин тарҳ 155 миллиону 500 ҳазор доллар ва тӯли ин масир низ 160 километр аст.

Масири Бохтар - Кӯлоб аз шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон оғоз мешавад ва бо убур аз ноҳияҳои Кӯшониён, Леваканд, Данғара ва Восеъ ба шаҳри Кӯлоб мерасад.

Даҳ сол қабл бахшҳое аз ин масир бо кумаки Бонки Рушди Осиё тармим ва бозсозӣ шуда буд.

Ин масири муҳими иртиботӣ миёни марказ ва шарқи вилояти Хатлон ниёз ба бозсозии асосӣ дорад ва давлати Тоҷикистон дар талош аст манобеи молии мавриди ниёзро аз ҳисоби кумакҳои Бонки Ҷаҳонӣ фароҳам кунад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи январ Ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи ҷазби сармояи ниҳодҳои молии байналмилалиро барои бозсозии роҳи Ваҳдати Тоҷикистон то марзи Қирғизистон баррасӣ карда буд.

Тӯли ҷодаи байналмилалии Ваҳдат - Рашт - Лахш 400 километр аст, ки умдатан аз манотиқи кӯҳистонӣ убур мекунад ва бозсозии ин ҷода ниёз ба 4 миллиард доллар сармоя дорад.