Феврал 20, 2019 15:13 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон омодаи эҷоди шуғл барои занони бозгашта аз муҳоҷират

Муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфт: барои заноне ки аз муҳоҷирати корӣ бар мегарданд имкони корро фароҳам мекунем.

Ба нақл аз Спутник, Марҳабо Олимӣ афзуд: дар солҳои ахир Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ҷамъияти занони муҳоҷири тоҷик равобити хубе ба роҳ мондааст.

Олимӣ гуфт мо бо муҳоҷирони корӣ махсусан занон дар шаҳрҳои мухталифи Русия дидор кардаем.

Вай бо ишора ба раванди ру ба афзоиши бозгашти занони муҳоҷири тоҷик аз хориҷ таъкид кард, Кумитаи кор бо занон ва оила ба занон кумакҳои ҳуқуқӣ медиҳад ва бо кумаки Вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, заминаи корро барои занон фароҳам мекунад.

Ба гуфтаи вай занони тоҷик имрӯз бо мушкилоте ҳамчун хушунат дар хонавода ру ба ру ҳастанд.

Марҳабо Олимӣ гуфт, барои беҳбуди зиндагии занон дар Тоҷикистон бояд қавонин тағйир кунад ва ба ин манзур соли гузашта дар ниҳоди раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳи корӣ таъсис шуд.

Барчасп