Ҳизби наҳзати исломӣ бидуни ошӯби генерал Назарзода низ мамнуъ мешуд
Муовини вазири адлияи Тоҷикистон гуфтааст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар бидуни ошӯби генерал Назарзода, муовини вақти вазири дифои ин ҷумҳурӣ дар моҳи сентябри соли 2015 низ мамнуъ мешуд.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Ҳаким Мирсаидзод гуфтааст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даст ба иқдомоте зада буд, ки аз нигоҳи ин мақоми тоҷик ғайриқонунӣ ба ҳисоб меомад.
Вай таъсиси академияи исломӣ, баргузории намози ҷумъа дар дафтари марказӣ, даъвати бонувон ба доштани ҳиҷоби исломӣ, додани ифтор дар моҳи мубораки Рамазонро аз ҷумлаи мавориди нақзи қонуни озодии эътиқод ва фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ аз сӯйи ин ҳизб унвон кардааст, ки заминаи мамнуияти фаъолияти ин ташаккули сиёсиро фароҳам сохта буд.
Аз дидгоҳи ин мақоми Вазорати адлияи Тоҷикистон, худро ҳизби Худо эълом кардан, даъват аз мардум барои зиндагӣ бар асоси Қуръон, интишори матолиби интиқодӣ аз сиёсатҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи дини Ислом дар нашрияи ин ҳизб ба унвони созмони сиёсӣ, муғойир бо қонунҳои ҳуқуқии ин кишвар буд.
Аз ин рӯ, бидуни ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 тамоми мадорики ҳуқуқӣ барои мамнуияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ таҳия шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода ҳеҷ иртиботе надоранд ва ҳукумат барои мамнуияти фаъолияти ин ҳизб аз ин ҳодиса суиистифода кардааст.