Феврал 23, 2019 12:32 Asia/Dushanbe
  • Сабти номи дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон муғойир бо қонун аст

Ҳуқуқдони саршиноси тоҷик муътақид аст, ки сабти номи дубораи симкорти телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон муғойир бо қонунҳои ҳуқуқии ин кишвар мебошад.

Ба гузориши сомонаи Азия плюс, Раҳматуллоҳ Зоиров бо ишора ба илзомӣ шудани сабти номи симкортҳо дар Тоҷикистон гуфтааст, ки танҳо як сол қабл дар ин кишвар тамоми симкортҳои телефони ҳамроҳ ба сабт расида буд ва зарурате надорад, ки ин кор такрор гардад.

Аз дидгоҳи вай, дар соли 2018 Тоҷикистон ба дархости маркази зиддитеррористии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сабти номи тамоми симкортҳои мавҷуд дар дасти шаҳрвандони худро анҷом дод, ки ин иқдом ҳам муғойир бо қонунҳои ҳуқуқӣ буд. Аммо ба далели матраҳ шудани баҳси терроризм метавон ин иқдомро дарк кард. Вале наметавон мардумро маҷбур кард, ки ба хотири шиносномаи ҷадид дубора симкортҳои худро тайи шаш моҳ сабти ном кунанд.

Раҳматуллоҳ Зоиров таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон шаҳрвандони ин кишвар наметавонанд алайҳи чунин иқдоме эътироз ва шикоят кунанд, зеро ҳеҷ ниҳоди ҳуқуқӣ, азҷумла Додгоҳи қонуни асосӣ, Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи Олии иқтисодии ин кишвар бар асоси қонун аз ихтиёроти баррасии чунин шикоёт бархурдор нестанд ва эътирози шаҳрвандон ба ҷое нахоҳад расид.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9 феврал дастуруламали Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи фурӯши симкортҳоро имзо кард. Бар асоси ин дастур, афроде, ки шиносномаи ҷадид надоранд, бояд дубора сабти ном кунанд.

Ҳамчунин ҳар як аз шаҳрвандон фақат иҷоза доранд барои ду симкорт сабти ном кунанд ва симкортҳое, ки дар тӯли шаш моҳ истифода намешаванд, қатъ хоҳанд шуд.

Дар матни ин дастур ҳмчнин зарурати ироаи шиносномаи ҷадид (шиносномаи намунаи соли 2014) барои хариди симкорт таъкид шудааст.

Масъулини ин бахшҳо муваззаф ба насби дубинҳои ташхиси ҳувияти шаҳрвандон дар маконҳои фурӯши симкорт ҳастанд.

 

Барчасп