Феврал 24, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Дармони комили сарбози фалаҷшудаи тоҷик 40 ҳазор доллар ниёз дорад

Шаҳбол Мирзоев сарбози неруи марзбонии Тоҷикистон, ки дар соли 2014 бар асари хушунати ҳамхидматони худ фалаҷ шуда буд, мегӯяд, ки дармони комили ӯ 40 ҳазор доллар ҳазина дорад.

Ба гузориши Азия-Плюс, Шаҳбол Мирзоев гуфтааст, ки ҳамакнун пойҳояш 90 дарсади тавони худро бозёфтааст ва дар чанд кишвари хориҷӣ ваъда додаанд, ки бо 40 ҳазор доллар ҳазина дармони ӯ комил мешавад ва ӯ хоҳад тавонист дубора роҳ биравад.

Ба гуфтаи ин ҷавони тоҷик, ӯ ва хонаводааш ин маблағро дар ихтиёр надоранд ва то кунун низ бо фурӯши хона ва мошини худ ҳазинаҳои дармонро дар Русия таъмин кардаанд.

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе дар моҳи майи соли 2015 неруи марзбонии Тоҷикистонро мулзам ба пардохти 97 ҳазор сомонӣ бобати зарари ҷисмонӣ ба шаҳбол Мирзоев кард, ки бо шикояти ин неру ба догоҳи таҷдиди назар, ин маблағ ба 37 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт.

Фармондеҳи неруи марзбонии Тоҷикистон эълом карда буд, ки танҳо бахше аз ин маблағро метавонад пардохт кунад ва бақияи ҳазинаи дармони Шаҳбол Мирзоев бояд аз сӯи Усмоналӣ Ғайратов, ки вайро мавриди лату куб қарор дода буд ва акнун даврони маҳкумияти 9-солаи худро дар зиндон мегузаронад, таъмин шавад.

Шаҳбол Мирзоев, ки пас аз хатми доншгоҳ, довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, бар асари лату куби сарбозони дигар дар моҳи марти соли 2014 ба шиддат маҷрӯҳ ва фалаҷ шуд.

Аз нигоҳи коршиносон моҷарои Шаҳбол Мирзоев ҳокӣ аз авзои нобасомони ахлоқиву иҷтимоӣ ва хушунат дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, ки дар се соли ахир мунҷар ба марги 9 сарбоз шудааст.

 

Барчасп