Феврал 26, 2019 11:18 Asia/Dushanbe
  •  Оғози фурӯши амволи ширкати “Умед 88”

Дар шаҳри Хуҷанд ва дигар манотиқи вилояти Суғд аз тариқи музоядаи фурӯши амволи ширкати сӯхтрасони “Умед 88”, ба манзури ҷуброни хисороти молии ворида ба ҷамъияти саҳомии хосси Неругоҳи барқи обии Роғун оғоз шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, қиммати оғози ин музоядаи фурӯши марокизи сухтгирӣ ва анборҳои сӯхти ин ширкат дар шаҳрҳои вилояти Суғд, аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ то 15 миллиону 600 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати сӯхтрасони “Умед 88”-ро дар моҳи сентябри соли 2018 ба иттиҳоми дуздии амволи давлатӣ, бознагардондани қарзи дарёфтӣ ва ихтилоси молӣ ба 24 сол зиндони низомаш сахт  маҳкум кард. Кормандони Оҷонсии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, раиси ширкати таъмини сӯхти “Умед 88”-ро ба ҳамроҳи муовин ва чаҳор мақоми масъули ин ширкат, дар соли 2017 боздошт ва ба онон иттиҳоми бознагардондани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғунро ворид карда буданд. Маблағи қарзе, ки масъулони ин ширкат дарёфт кардаанд, 172 миллион сомонӣ эълом шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи омодагии хонаводаи Раҷабалӣ Одинаев барои ҷуброни хисороти молии воридаро ҷуброн кунанд, гуфтааст, ки аслан чунин дархосте матраҳ нест.

Ширкати сӯхтрасони “Умед 88” дар бозори сухти Тоҷикистон бо ширкати Газпроми Русия ва ширкати Фароз рақобат мекард.