Феврал 26, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Беш аз шаш ҳазор ҷангҷуи террорист дар марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, аз ҷамъшавии беш аз шаш ҳазор ҷангҷуи хориҷӣ дар марзи муштарак Афғонистон бо кишвараш хабар дод.

Ба нақл аз Toptj, генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Ҳамоиши мақомоти марзбонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ин афрод дар наздикии марзи муштараки Тоҷикистон дар қаламрави вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Қундуз дар шимоли Афғонистон ҷамъ шудаанд.

Вай муддаӣ аст, ки дар маҷмуъ дар ин манотиқ беш аз 16 ҳазор ҷангҷуи узви гурӯҳҳои террористӣ ҷамъ шудаанд, ки беш аз 6 ҳазор нафари онон атбои хориҷӣ ҳастанд.

Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ афзуд: Ин афрод, ки аъзои гурӯҳҳои террористии ДИИШ, Толибон, Ансоруллоҳ ва Ҳаракати исломии Туркистон ҳастанд, дар 36 урдугоҳи низомӣ барои анҷоми амалиёти террористӣ омӯзиш дидаанд.

Дар ин ҳамоиш генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон низ гуфт, ки маъмулан гурӯҳҳои террористӣ дар марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон дар фасли баҳор иқдом ба амалиёт мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин таҳаррукот бояд ниҳодҳои амниятии кишварҳои минтақа бо якдигар ҳамкории наздик дошта бошанд.

 

Барчасп