Март 02, 2019 15:11 Asia/Dushanbe
  • Низоми молиётии Тоҷикистон мушкилоти зиёде дорад

Мудири дафтари намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, ки низоми молиётии ин кишвар бисёр сангин аст ва ин мавзуъ мӯҷиби қатъи фаъолияти теъдоде аз ширкатҳои русӣ тайи солҳои ахир шудааст.

Ба гузориши Спутник, Михаил Караблин гуфтааст, ки мушкилоти низоми молиётии Тоҷикистон тайи чанд соли ахир заминаи қатъи фаъолият ва хуруҷи теъдоде аз ширкатҳои русӣ аз ин кишварро фароҳам кардааст.

Вай бо истинод ба гузориши ширкати байналмилалии эътиборсанҷии PricewaterhouseCoopers, ки таъкид мекунад Тоҷикистон бо 67, 3 дарсад мизони молиёт дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ дар мақоми нахуст қарор дорад, эълом мекунад, ки ин мавзуъ монеи идомаи фаъолияти ширкатҳои русӣ шудааст.

Ба гуфтаи мудири дафтари намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон, молиёти сангин мӯҷиб шуд, ки ширкатҳои русии хадамоти телефони ҳамроҳи “Билайн” ва сохтмонсозии “Созидание”  аз ин кишвар тайи 3 соли ахир хориҷ шаванд. Ҳамчунин ба ин далел мизони даромади ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи “Мегафон” низ коҳиш ёфтааст.

Аз дидгоҳи вай, далели аслии даст бардоштани ширкати русии “Газпром” аз идомаи иктишофи газ дар майдони Сариқамиш, дар ғарби Тоҷикистон низ молиёти сангин будааст. Ҳол он ки ин ширкати русӣ қасд дошт ниёзи Тоҷикистонро бо истихроҷи газ аз дохили ин кишвар таъмин кунад.

Михаил Караблин гуфтааст, ки ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бобати барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи обии “Сангтӯда – 2” миллионҳо доллар ба ин нерӯгоҳ қарздор аст, ки дар ин замина низ сангин будани мизони молиёт таъсиргузор аст.

 

 

 

 

Барчасп