Таъсиси марокизи тавлидии ҷадид дар Суғд дар соли 2019
(last modified Mon, 04 Mar 2019 05:24:47 GMT )
Март 04, 2019 10:24 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси марокизи тавлидии ҷадид дар Суғд дар соли 2019

Раиси вилояти Суғд гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ дар шимоли Тоҷикистон таъсиси 272 корхона ва коргоҳ барномарезӣ шудааст, ки мӯҷиби иштиғолзоӣ барои наздик ба 5 ҳазорнафар аз сокинони ин минтақа хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Раҷаббой Аҳмадзода дар дидор бо фаъолони бахши хусусии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки дар соли 2018 теъдоди фаъолони ин бахш дар вилояти Суғд ба 105 ҳазор нафар расид, ки дар муқоиса бо соли пеш аз он, 5 ҳазору 997 нафар бештар будааст.

Вай таъкид кардааст, ки дар соли 2018 ҳаҷми умумии тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо соли қабл аз он, 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ афзоиш доштааст. Аз ин рӯ, саҳми корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дар тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар соли 2018 ба 50 дарсад расид, ки ин шохис дар соли 2014 наздик ба 34 дарсад буд.

Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода, 272 корхона ва коргоҳи саноатӣ, ки дар соли 2019 дар қаламрави вилояти Суғд таъсис хоҳанд шуд, ба тавлиди маҳсулоти бофандагӣ, маводи ғизоӣ, коркарди нафт, таҷҳизоти барқӣ, мошинсозӣ ва фулузоти рангӣ ихтисос хоҳанд дошт, ки заминаи иштиғоли наздик ба 5 ҳазор нафарро фароҳам хоҳад кард.