Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон барканор шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар фармонҳои ҷудогона, дабири Шӯрои амният ва дастёри худ дар умури амнияти миллиро аз симатҳои худ барканор кард.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо судури ҳукмҳои ҷудогонае Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти ин кишварро, ки ба синни бознишастагӣ расидааст, барканор ва Муҳаммадалӣ Ватанзодаро ба ҷойи вай таъйин кард.
Раҳмон ҳамчунин Шералӣ Хайруллоев, дастёри раисҷумҳурӣ дар умури амнияти миллиро ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз симаташ барканор кард.
Бар асоси ин дастур, Зариф Ализода низ аз симати дабири ситоди ҳуқуқи башар (омбудсмен) - и Тоҷикистон барканор ва ба симати дастёри раисҷумҳури ин кишвар дар масоили ҳуқуқӣ ва низ ба унвони намояндаи раисҷумҳурӣ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мансуб шуд.