Март 08, 2019 19:57 Asia/Dushanbe
  • Паёми қадрдонӣ ва худоҳофизии сафири Эрон хитоб ба тоҷикон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме бо қадрдонӣ аз меҳрубониҳои мардуми Тоҷикистон дар даврони маъмурияташ дар ин кишвар гуфт: Он чи дар равобити эрониён ва тоҷикон дида мешавад ва нодиру ягона аст, ишқи ду миллат ба якдигар аст, ки бо шир андарун шудааст ва бо ҷон ҳам ба дар намешавад.

Ба гузориши сайти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, ки охирин рӯзҳои маъмурияти дипломатиашро дар Душанбе мегузаронад, дар ин паём афзудааст: Хушҳолам дар шароите Тоҷикистони азизро тарк мекунам, ки аз рӯзи омаданам ободтар ва пештозтар аст ва муносиботи Эрон ва Тоҷикистон, ки пайванде аз ҷинси гӯшту нохун ва ногусастанӣ аст, бо вуҷуди ҳама фитнагариҳои ҳосидон дар ҳамаи заминаҳо рушд ёфта аст.

Фағонӣ  ибрози итминон кардааст, ки дар остонаи қадамҳои зиндагисози баҳор, равобити ду кишвар бори дигар ва беш аз солҳои қабл, ба шукуфа нишаста ва бору бар хоҳад дод.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин паём ҳамчунин аз меҳрубониҳо ва муҳаббатҳои бедареғи мардуми Тоҷикистон дар ҳаққи худ ва ҳамкоронаш дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давоми чаҳор солу чанд моҳи гузашта сипосгузорӣ ва таъкид кардааст: Тарки Тоҷикистон барои ҳар эронӣ, агар мақсаде ҷуз Эрон дошта бошад, (ки нимаи дигари рухи зебои Тоҷикистон аст) агар маҳол набошад, бетардид бисёр сахт ва озордиҳанда хоҳад буд.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар поён бо ишора ба наздик будани Наврӯзи бостонӣ ва фарорасии баҳор барои якояки мардумони Тоҷикистон тандурустӣ, шодкомӣ, беҳрӯзӣ ва умре ба дарозои офтоб орзу кардааст.

Фағонӣ  аз ноябри 2014 давраи маъмурияти худро ба унвони сафири Эрон дар Тоҷикистон оғоз кард.

Чанде пеш давраи маъмурияти ин сафири 54-сола дар Душанбе поён ёфт ва ӯ ба зудӣ ба Теҳрон бозмегардад.

 

Барчасп