Пайгирии моҷарои латтукӯби як зани тоҷик дар Русия
Мудири дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, ки моҷарои латтукӯби як зани тоҷик, захмӣ шудани вай ва ҳукми ихроҷаш аз Русияро пайгирӣ хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Иброҳим Аҳмадов таъкид кардааст, ки қазияи латтукӯби Ҳафизахон Бутаева шаҳрванди Тоҷикистон ба дасти фурӯшндаи мағозае дар шаҳри Шёлковои вилояти Маскав ва судури ҳукми ихроҷи вай аз сӯи додгоҳи маҳаллиро баррасӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Аҳмадов, байни шаҳрванди Тоҷикистон бо фурӯшандаи мағоза баҳсе сар задааст, ки дар пайи он корманди мағоза зани тоҷикро сараввал латтукӯб ва сипас ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридааст.
Кормандони пулис изҳороти занро, ки мехоҳад ба додситонӣ шикоят барад, ба назар нагирифта, ӯро ба додгоҳ бурдаанд ва зан бо қарори додгоҳ ихроҷ шудааст.
Сухангӯи намояндагӣ афзуд, муроҷиати ин зан ба консулгарӣ ва намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон қабул шудааст ва қазия пайгирӣ мешавад.
Вай таъкид кард: Консулгарӣ ва намояндагӣ аз рӯзи аввали муроҷиати зан бо ӯ кор мекунад. Ба прокуратураи шаҳри Шёлково мактуби расмии консулгарӣ ирсол шудааст ва қазияи мазкур зери назорати муовини прокурор карор дорад. Ҳамчунин додситонӣ аризаи занро қабул кардааст",
Аҳмадов афзуд, намояндагӣ қарори додгоҳро дар бораи ихроҷи зан баррасӣ мекунад ва тамоми кӯшишҳоро барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрванди Тоҷикистон сарф хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Валентина Чупик, ҳомиии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик иддао дорад, ки зани тоҷикро дар мақомоти пулис низ латтукӯб кардаанд.
Намояндагии вазорати меҳнат ин гуфтаҳоро беасос медонад.
Иброҳим Аҳмадов гуфт, феълан қазия пайгирӣ мешавад, тафсилоти бештарро баъдан пешниҳод хоҳанд кард.