Март 10, 2019 14:48 Asia/Dushanbe
  • Масъули умури ҳуқуқи башари Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъйини Умед Бобозода ба унвони масъули расидагӣ ба умури ҳуқуқи башари ин кишвар пазируфт.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Шукурҷон Зуҳуров раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни муаррифии номзади пешниҳодии раиси ҷумҳурӣ барои тасаддии раёсати умури ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфт: Умед Бобозода донишомухтаи риштаи ҳуқуқ, чанд сол омӯзгор ва пас аз он мудири Донишкадаи ҳуқуқшиносӣ ва муовини ин донишкада будааст.

Бобозода баъд аз соли 2007 низ мушовири раиси ҷумҳурӣ ва муовини аввали мудири Маркази миллии қонунгузории раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Ӯ дар солҳои охир ба унвони мушовири бахши ҳуқуқии дастёри раиси ҷумҳурӣ дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ фаъолият кардааст.

 

Барчасп