Март 10, 2019 18:00 Asia/Dushanbe

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаеро тасвиб кард, ки тибқи он, ширкати хусусии "Амирӣ" ба муддати 10 сол аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод мешавад.

Манобеи хабарӣ ин ширкатро мутааллиқ ба домоди раисҷумҳури Тоҷикистон қаламдод мекунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳама ширкатҳои истеҳсолӣ бояд қоидаи ягонаеро таъриф кунад ва набояд ширкатҳои хосе аз имтиёзи молиётӣ бархурдор бошанд ва дигар корхонаҳо аз он маҳрум гарданд, зеро бо чунин бархӯрди давлат рақобати озоду солим дар бозор аз байн меравад.

Ҳамкорамон Исфандиёр Халилӣ дар гузориши вижа ин мавзуъро пайгирӣ кардааст.

 

Барчасп