Март 11, 2019 18:32 Asia/Dushanbe
  • Сафири ҷадиди Амрико вориди Тоҷикистон шуд

Маркази матбуоти Сафорати Амрико дар Душанбе, аз вуруди сафири ҷадиди ин кишвар ба Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Марк Поммершайм, сафири ҷадиди ин кишвар дар Душанбе, вориди Тоҷикистон шуд.

Поммершайм 22 –юми феврал дар Вашингтон ба унвони сафири ҷадиди ин кишвар дар Тоҷикистон савганд ёд кард.

Сафорати Амрико дар Душанбе аз тобистони соли 2017 ва баъд аз поёни маъмурияти Элизабет Миллард, сафири собиқи ин кишвар, бидуни сафир будааст.

То замони таъйини сафири ҷадиди Амрико дар Душанбе, Кевин Коверт раёсати муваққати сафорати ин кишварро дар Тоҷикистон бар ӯҳда дошт.

 

Барчасп