Март 13, 2019 11:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон бо намояндаи сандуқи байналмиллалии пул дар Душанбе

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи Сандуқи байналмиллалии пул дар дидоре дар Душанбе роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ карор доданд.

Ба нақл аз хабаргузории Тоҷик Та, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Подомҷо Ҳиндувол  дар бораи кумаки Сандуқи байналмиллалии пул бар Тоҷикистон барои таъмини амнияти ғизоӣ, истиқлоли энержии ин кишвар раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ ва санъатӣ кардани иқтисоди Тоҷикистон баҳсу табодули назар шуд.

Тарафҳо дар ин дидор таъкид карданд, ки фазои сармоягузорӣ таи солҳои ахир дар Тоҷикистон каме беҳбуд ёфтааст.

Намояндаи Сандуқи байналмиллалии пул қабл аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони вазоратҳои рушди иқтисод ва тиҷорат, об ва захираҳои энержии Бонки милии Тоҷикистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода буд.

Намояндаи Сандуқи байналмиллалии пул таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бояд дар бораи коҳиши мизони қарзи хориҷӣ, беҳбуди фазои ҷазби сармоягузории хориҷӣ ва рушди бозори бурс ва авроқи баҳодор иқдом кунад.

Манобеъи Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки беш аз 7 сол аст бо Сандуқи байналмиллалии пул барои дарёфти 500 миллион доллар қарз музокира кардаанд, аммо  ахиран эълом шуд, ки ба эҳтимоли зиёд бо ихтисоси 220 миллион доллар қарз аз сӯи Сандуқи  байналмиллалии пул мувофиқат хоҳад шуд.

Ҳарчанд, ки дар дидори ахири мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайъати Сандуқи байналмиллалии пул дар Душанбе дар мавриди тавофуқ барои ихтисоси қарз ба Тоҷикистон мунташир нашудааст.

Ин ниҳод охирин бор соли 2012 маблағи 160 миллион доллар қарз ба Тоҷикистон ихтисос дода буд.

 

Барчасп