Март 28, 2019 09:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 35 дарсадии зарфияти тавлиди барқи нерӯгоҳи Қайроққум пас аз бозсозӣ

Бо иҷрои тарҳи ду марҳилаии бозсозии нерӯгоҳи обии Қайроққум, дар шимоли Тоҷикистон, зарфияти тавлидии барқи ин нерӯгоҳ 35 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, бо иҷрои ин барнома, ки дар соли 2024 ба поён мерасад, зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз 126 мегаватти феълӣ ба 174 мегаватт хоҳад расид. Барои ин манзур 170 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд, ки бахши умдаи онро Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо таъмин мекунад.

Ҳамчунин 27 миллион евро воми баландмуддат бо баҳраи кам, 23 миллион евро кумаки бебозгашти Сандуқи Сабзи Байналмилалии ҳимоят аз муҳити зист ва 35 миллион евро воми Бонки Сармоягузории Аврупо ба ин манзур ихтисос хоҳад ёфт. Ин маблағ барои таъвизи чаҳор турбинаи нерӯгоҳи барқӣ - обии Қайроққум, ки 61 сол қабл барои таъмини барқи сокинони вилояти Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Узбакистон ва Қазоқистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон рӯйи рӯдхонаи Сир сохта шудааст, ҳазина хоҳад шуд.

Дар раванди такмили бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии Қайроққум се ширкат аз Испания, Фаронса ва Шветсария мушорикат хоҳанд кард.

 

Барчасп