Муқассири тасодуфи ронандагии маргбор аз бемористон ба боздоштгоҳ мунтақил шуд
Манобеи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, Кабир Кабиров, писари молики бозори Султони Кабири шаҳри Душанбе, ки ба иллати тасодуфи ронандагӣ боиси кушта шудани ду сарнишини мошинаш ва захмӣ шудани ду нафари дигар шудааст, аз бемористон ба боздоштгоҳи муваққат мунтақил ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ташкил шуд.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷик ТА”, вай, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, чанд шаб қабл, шабона ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе контроли мошинро аз даст дод ва бо тири барқ бархурд кард, ки бар асари ин ҳодиса ду сарнишин кушта ва худи ронанда бо як сарнишини дигар ба шиддат маҷрӯҳ ва дар бемористон бистарӣ шуданд.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, алайҳи Кабир Кабиров, писари молики бозори Султони Кабири шаҳри Душанбе ба иттиҳоми нақзи қоидаи роҳ ва беэҳтиётӣ, ки мунҷар ба марги ду сарнишини мошинаш шудааст, парвандаи ҷиноӣ ташкил дода ва қарори боздошти вай ба муддати 2 моҳ низ содир шудааст.
Бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ин иттиҳом метавонад аз 5 то 10 сол зиндон барои ронандаи хилофкорро дар пай дошта бошад.
Тайи солҳои ахир вуқӯи чанд маврид тасодуфоти ронандагии марбут ба фарзандони мақомоти баландпояи давлатӣ дар Тоҷикистон сабт шуда, ки мунҷар ба фавти дигарон шудааст. Яке аз ин тасодуфот дар соли 2013 марбут ба Расули Амонуллоҳ, фарзанди мудири вақти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд, ки 3 кушта барҷой гузошт. Дар соли 2016 низ ҳодисаи дигаре бо ронандагии Фаромарз Саидов, фарзанди муовини нахуствазири Тоҷикистон рух дод, ки ду кушта барҷой гузошт.
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, тайи ду соли ахир бар асари ҳаводиси ронандагӣ дар ин кишвар беш аз 700 тан кушта ва 2 ҳазору 300 нафари дигар захмӣ шудаанд.