Март 30, 2019 09:04 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи авомили ошӯби зиндони Хуҷанд пушти дарҳои баста

Додситони кулли Тоҷикистон эълом кард, муҳокимаи 33 зиндонӣ ва 9 корманди зиндони шумораи 3 -и шаҳри Хуҷанд ба иллати даст доштан дар ошӯби моҳи ноябри соли 2018 дар ҳоли анҷом аст.

Ба гузориши "Спутник", Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи 33 зиндонии мазнун дар шаби шӯриши шаби 7 ноябри соли 2018 ва 9 корманди ин зиндон дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Муҳокимаи ин афрод бидуни ҳузури аъзои хонавода ва рӯзноманигорон ба далели маҳрамона будани парвандаи онон дар боздоштгоҳи шумораи 2 шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд пушти дарҳои баста аз 12 март оғоз шудааст.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон пештар эълом карда буданд, ки дар ин ҳодиса 35 нафар, азҷумла ду корманди зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шуданд.

Ин мақомот муддаӣ ҳастанд, саркардаҳои ошӯб, ки дар зиндони Хуҷанд ба ҷурмҳои террористӣ ва ифротгароӣ муттаҳам шуда буданд, кормандони зиндонро ба таври фоҷеаборе ба қатл расониданд.

Ҳамчунин, раиси собиқи зиндони Хуҷанд низ, ки пас аз ин ҳодиса барканор шуда буд, дар ин додгоҳ ба унвони муттаҳам муҳокима мешавад. 

Шӯриши хунини шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд пурқурбонитарин ҳодиса дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Барчасп