Апрел 04, 2019 09:05 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармоя барои идомаи сохти нерӯгоҳи “Роғун” аст

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дархост кардаанд, ки барои ҷазби сармояи молии мавриди ниёз, ба манзури такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” мусоидат кунад.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси ин бонк дар дидор бо ҳайати эъзомии Бонки Ҷаҳонӣ ба сарпарастии Гоар Гюлуман дар Душанбе гуфтааст, ки ин ниҳоди молии байналмилалӣ метавонад дар раванди такмили сохти нерӯгоҳи “Роғун” саҳм бигузорад.

Аз дидгоҳи вай, Бонки Ҷаҳонӣ аз имкони ташвиқи дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ барои сармоягузорӣ дар такмили ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон бархурдор аст.

Ҳайати эъзомии Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки ин мавзӯро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Чанде қабл, мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз буҷаи давлат барои идомаи сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли ҷорӣ хабар доданд. Ин маблағ бидуни эҳтисоби фурӯши эҳтимолии бахши дигаре аз саҳми молии ин нерӯгоҳ дар бозорҳои байналмилалӣ аст, ки дар соли 2017 ба 500 миллион доллар расида буд.

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки турбинаи дувуми ин нерӯгоҳро моҳи апрели соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон, 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи обии минтақа аст. Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун”, ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт. Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.

 

 

 

Барчасп