Маҳкумияти як зани тоҷик ба 9 соли зиндон дар Суғд
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як зани 36 солаи тоҷикро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, додгоҳи шаҳри Хуҷанд Савриннисо Мақсудоваро ба ҷурми қасди фурӯши навзодаш ба нуҳ соли зиндон маҳкум кард.
Мавҷуда Шарифзода, қозии додгоҳи Хуҷанд гуфт, Савриннисо Мақсудова дар ивази фурӯши духтари навзодаш аз як сокини ноҳияи Истаравшани Тоҷикистон барои худаш пӯшок ва барои расмиёти мадорик дар ҷиҳати фарзандхонии ин тифл ду ҳазор сомонӣ дархост карда буд.
Ҳамчунин хонум Шарифзода гуфт, барои бори севум аст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон қасди фурӯши фарзандонашро мекунад.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бар асоси асли 167 –и қонуни ҷиноии Тоҷикистон Савриннисо Мақсудоваро ба нуҳ соли зиндон маҳкум кард ва фарзандони вай ба парваришгоҳ супурда шуданд.
Савриннисо Мақсудова сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ноҳияҳои тобеи вилояти Суғди Тоҷикистон аст.