Тоҷикистон ва Русия созишномаи ҷадиди муҳоҷират имзо мекунанд
(last modified Sat, 06 Apr 2019 04:23:47 GMT )
Апрел 06, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Русия созишномаи ҷадиди муҳоҷират имзо мекунанд

Сафири Русия дар Тоҷикистон эълом кард, Маскав ва Душанбе созишномаи ҷадид дар заминаи муҳоҷират имзо хоҳанд кард.

Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикТА”, Игор Фролов гуфт, созишномаи ҷадид миёни кишвараш ва Тоҷикистон дар заминаи муҳоҷират, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав дар рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ ба имзо хоҳад расид.

Вай таъкид кардааст, ки дар ҷараёни ин сафар миёни Маскав ва Душанбе чанд санади ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид, ки созишномаи ҷадиди муҳоҷират аз ҷумлаи ин аснод аст.

Ба гуфтаи Фролов, дар созишномаи ҷадиди муҳоҷират, фиристодани созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия бар асоси ниёзи иқтисоди ин кишвар мушаххас хоҳад шуд. Ҳамчунин созишномаи ҷадиди ҷойгоҳи ҳуқуқии намояндагии Вазорати умури дохилии Русия дар умури муҳоҷират дар Тоҷикистон ва дафтари Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба имзои Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтаанд, ки матни созишномаи ҷадиди эъзоми коргарони муҳоҷир аз ин кишвар ба Русия омода аст, ки бар асоси он корфармоёни рус ниёзи худро барои ҷазби коргарони тоҷик эълом хоҳанд кард.

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон бояд ба довталабони кори тоҷик дар Русия қабл аз эъзоми ин афрод бар асоси ниёзи тарафи русӣ, заминаи омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаиро фароҳам созанд ва маҳалли кори ононро мушаххас кунанд.

Бар асоси омори бархе манобеъ, байни 1 миллиону 500 ҳазор то 2 миллион нафар коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия фаъолият мекунанд, ки даромади ирсолии солонаи онон баробар бо як севум аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон мебошад.