Апрел 10, 2019 20:39 Asia/Dushanbe

Бо гузашти беш аз як моҳ аз судури дастури Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи афзоиши қимати хадамоти интернетӣ ва телефони ҳамроҳ, баҳсҳое дар ин замина матраҳ аст.

Вазорати додгустарии Тоҷикистон ин дастурро ғайриқонунӣ, аммо Кумитаи андози Тоҷикистон онро амри зарурӣ донистанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мабоҳис миёни мақомоти давлатӣ ва изҳори назарҳои мардумӣ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, коршиносон ба ин назаранд, ки дастури фавқ бо андаке тағйир ва тахфиф тасвиб хоҳад шуд.

Ҳамкорамон Ғафурӣ дар гузориши вижа ба ин мавзуъ пардохтааст.

 

Барчасп