Шӯрои уламои Тоҷикистон: Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ гуноҳи кабира аст
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори паёме ба мардуми ин кишвар, саркашӣ ва фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбиро баробар бо ширк ба ягонагии Худованд унвон кардааст.
Ба гузориши сомонаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин паём таъкид шудааст, ки “саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд! Саркашӣ аз ин масъулияти имонӣ ва шаҳрвандӣ як навъ нифоқу беимонӣ низ шумурда мешавад ва касе ба ин вазифаи муҳим беэътиноӣ мекунад, маҳрум аз хайру саодат ва ноком дар дунёву охират хоҳад шуд”.
Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дифоъ аз Ватан дар дини Ислом аз ҷойгоҳи вижае бархурдор мебошад ва дар ин маврид бо истинод ба оёти Қуръони Карим ва аҳодиси Набавӣ (с) бо воҷиб эълом кардани хидмати ҳарбӣ, фирор аз артишро баробар бо ширк ба ягонагии Худованд ва гуноҳ кабира унвон карда аст.
Ин дар ҳоле аст, ки Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар баробари тасвиби қонунҳои зиддиисломии назири мамнуъияти рафтани писарони то 18-сола ва бонувон ба масҷид, мамнуъияти вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба идораҳо ва маркзҳои давлатӣ, омӯзишӣ ва дармонӣ, маҳдудияти шадид дар омӯзиши Қуръон ва улуми исломӣ, мамнуъ будани пахши садои азон аз балангӯи масҷидҳо, мамнуъияти рафтани кормандони идораҳо ба намози ҷумъа ва намоз хондан дар маҳали кори ин афрод мавзеъгирӣ накардааст.