Баррасии мусодираи амволи Кабирӣ ва писараш дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз рӯзи 18 апрел мавзӯи мусодираи амволи раиси ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ ва писарашро баррасӣ мекунад.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин додгоҳ бар асоси дархости Додситонии кулли Тоҷикистон, баррасӣ ва мусодираи манзилҳои маскунӣ, марказҳои тиҷорӣ ва дигар амвол ва дороиҳои мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ ва писараш Руҳуллоҳро оғоз хоҳад кард.
Ин дар ҳоле аст, ки дуввуми октябри соли 2018, Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста ва бар асоси 15 банди қонуни ҷиноии ин кишвар барои Кабирӣ ҳукми зиндони абад ва мусодираи амвол дода буд.
Аммо Кабирӣ ва хонаводааш ин ҳукмро сиёсӣ ва ноодилона хонданд.
Муҳаммад Тиллозода яке аз фарзандони Кабирӣ гуфтааст, ки манзилҳои маскунии мутааллиқ ба хонаводаи онҳо, ки аз сӯи ширкати сохтмонсозии яке аз бародарони Кабирӣ сохта шуда буд, акнун тавқиф шуда ва ҳатто барои сукунати аъзои хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ хона намондааст.
Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён гуфта буд, ки Кабирӣ ба таъсиси созмони ҷиноӣ, талош барои барандозии низоми сиёсӣ, доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ, терроризм ва мушорикат дар шӯриши мусаллаҳона муттаҳам аст; иттиҳомоте, ки раиси ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) онҳоро рад мекунад.
Аз сӯи дигар Пулиси байналмилал (Интерпол) дар соли 2017 номи Кабирии 53 соларо, ки акнун хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, аз феҳристи афроди таҳти пайгарди қазоии ин ниҳод ҳазф кард.