13 сол зиндон барои қочоқчии маводи мухаддир дар Тоҷикистон
Апрел 16, 2019 13:15 Asia/Dushanbe
Як сокини шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба 13 сол зиндон маҳкум шуд.
Ба нақл аз Дафтари матбуотии додситонии кулли Тоҷикистон, Алишер Хушдилов маҳмулаи маводи мухаддире аз навъи ҳашишро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ахтар харидорӣ кард, ки зимни ҳамл бо худрави шахсӣ ва фуруш тавассути неруҳои амниятӣ боздошт шуд.
Акнун додгоҳи шаҳристони Рушони вилояти худмухтори куҳистонии Бадахшон, Алишер Хушдиловро ба иттиҳоми харид ва қочоқи 13 кило ва 200 грам маводи мухддир ба 13 сол зиндон маҳкум кардааст.
Ба гузориши Ожонси омори Тоҷикистон дар се моҳи нахусти соли равон 61 мавриди ҷурму ҷиноят марбут ба қочоқчиёни маводи мухаддир дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.