Қазоқистон ба дунболи кумаки низомӣ ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 17 Apr 2019 15:39:55 GMT )
Апрел 17, 2019 20:39 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ба дунболи кумаки низомӣ ба Тоҷикистон

Қазоқистон бо ҳадафи тақвияти вазъияти дифои марзҳои Тоҷикистон, дар муқобила бо афзоиши нигарониҳои амниятӣ дар Афғонистон, тасмим ба кумаки низомӣ ба Душанбе гирифтааст.

Маҷлиси сенати Қазоқистон интиқоли таҷҳизот ва муҳимоти низомӣ ба Тоҷикистонро тасвиб кард. Ин интиқол барои ниҳоӣ шудан ниёзманди имзои раисҷумҳури Қазоқистон аст.

Талгат Мухторов, муовини вазири дифои Қазоқистон дар ҷаласаи Маҷлиси сенати ин кишвар бо ишора ба интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон гуфт, ҳазинаи интиқоли ин таҷҳизотро, ки аз тариқи роҳи оҳан ба Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд, низ давлати Қазоқистон тақаббул хоҳад кард.

Мухторов изофа кард, корҳои гумрукии марбута аз сӯйи Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд ва ҳамчунин Душанбе тазмин кардааст, ки ҳеҷ як аз ин таҷҳизот ба тарафи сеюм мунтақил нашавад.

Талгат Мусобоев, аз аъзои Маҷлиси сенати Қазоқистон низ бо ишора ба вазъияти ҳассоси марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гуфт, вазъияти марз дар байни Тоҷикистон ва Афғонистон рӯз ба рӯз рӯ ба вахомат меравад ва террористҳо ба дунболи қочоқи миқдори зиёде маводи мухаддир ҳастанд.

Бар асоси гузоришҳо, мувофиқатномаи кумаки низомии якҷонибаи Қазоқистон ба Тоҷикистон дар декабри соли гузашта ба имзои ду тараф расид.

Лозим ба зикр аст, ду кишвари Тоҷикистон ва Қазоқистон ба таври ҳамзамон дар Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ, ки шомили Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Русия аст ва низ Созмони Ҳамкории Шанхай, ки созмоне чандҷониба бо мушорикати Чин, Русия, Қирғизистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон аст, узвият доранд.