Ҳамла ба як писарбачаи тоҷик дар Санкт - Петербург
Апрел 20, 2019 16:54 Asia/Dushanbe
Навҷавонони маст дар шаҳри Санкт - Петербург як писарбачаи 10 солаи муҳоҷири тоҷикро бо заработи корд захмӣ карданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин ҳамла шаби гузашта дар кӯчаи Двинскаяи ноҳияи Кирови шаҳри Санкт - Петербург рух додааст.
Полис духтаре 15 - соларо ба унвони гумонбари ин ҳамла дастгир ва пас аз бозпурсӣ ӯро озод кард.
Ин духтари 15 сола эътироф кардааст, ки баъд аз нӯшидани машруб дар кӯчаи Двинская, дӯсти 17 солааш ин кӯдаки 10- солаеро дида, ӯро ба поркинг (таваққуфгоҳи мошин) бурда ва ба ӯ заработе ворид кардааст.
Ин мавзуъ аз сӯйи полис дар ҳоли баррасӣ аст.
Барчасп